БОБОКАЛОНОВ Гоиб Мерганович /BOBOKALONOV Goib/ [16.08.1963 - 16.08.1963]Бобокалонов Fоиб Мерганович 16 – уми августи соли 1963 дар нохияи Рўдаки (собиќ нохияи Ленин) таваллуд шудааст. Миллаташ точик, маълумоташ олии хуќуќшиноси, номзади илмхои хуќуќшиноси, дотсенти кафедраи "Хуќуќи сохибкори ва тиљорати", муовини декани факултети хуќуќшиносии Донишгохи миллии Точикистон.
Соли 1970 ба синфи 1-уми мактаби миенаи №1-и нохияи Хуросон (собиќ мактаби миенаи № 6-и ба номи Жданови нохияи Куйбышев) рафта, онро соли 1980 ба итмом расонидааст. Пас аз хатми мактаби миена соли 1980 дар лабораторияи Альграфияи назди шўъбаи илми-тадќиќотии Донишгохи давлатии Точикистон ба номи В.И.Ленин ба фаъолияти мехнати шурўъ намудааст. Солњои 1982-1984 дар сафи Ќуввањои мусаллањи СССР хизмат намудааст. Солњои 1984-1994 ба њайси корманди лабораторияи Алграфии шўъбаи илмї – тадќиќотї фаъолият намуда, пайваста дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии Тољикистон тањсилро давом дода ва онро соли 1993 хатм намудааст. Солњои 1994-2003 омўзгори кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљоратии факултети њуќуќшиносии ДДМТ, солњои 2003-2007 муаллими калони кафедра, апрели 2007 дотсенти кафедра ифои вазифа намуда, аз фанњои "Њуќуќи мењнатї", "Њуќуќи таъминоти иљтимої" дар факултети њуќуќшиносї ва дар факултетњои иќтисодї аз фанни "Њуќуќ" дарс мегўяд ва њамзамон вазифаи раиси Шўрои илмї-методии факултетро ба ўњда дошт, аз сентябри 2007 муовини декани факултети њуќуќшиносї оид ба корњои тарбиявї, аз 22 октябри 2007 муовини ректор оид ба масъалањои иќтисодї ва маъмурию хољагии Донишгоњи миллии Тољикистон мебошад, аз октябри соли 2009 то њол вазифаи муовини декан оид ба тањсилоти шўъбаи ѓоибона ва тањсилоти дуюми олї иљро намуда истодааст. Дар баробари ин, иљрои вазифањою корњои љамъиятии гуногунро ба ўњда дошт ва айни њол дорад, раиси Шўрои илмї – методии факултаи њуќуќшиносї, узви Шўрои илмї- методии Донишгоњ, узви Шўрои Олимони факултети њуќуќшиносї, узви Шўрои Олимони Донишгоњ. Тули солњои фаъолият чи дар кафедраи њуќуќи соњибкорї,дар факултети њуќуќшиносї ва дар Донишгоњи Милли Точикистон њамчун корманд ва омўзгори болаеќат, донишманд дар соњањои њуќуќњои номбаршуда шинохта шудааст. Ў рисолаи номзадиро соли 2004 дар мавзўи "Ташаккул ва инкишофи ќонунгузории мењнат дар Тољикистон" њимоя намудааст. Муллифи зиеда аз 28 маводи чопии илмї- таълимї ва методї мебошад. Аз љумла асари илмии муаллиф "Ташаккул ва инкишофи ќонунгузории мењнат дар Тољикистон (солњои 1917-1940)" нахустин асари илмие мебошад, ки дар он бори аввал тањќиќи маљмаавии инкишофи ќонунгузории мењнати Љумњурии Тољикистон таи солњои 1917-1940 бо истифода аз усулњои таърихї-њуќуќї ва муќоисавї мавриди тањлилу тадќиќи њамаљониба ќарор дода шудааст. Барои хизматњои арзанда дар рушду нумуи соњаи матбуот ва интишороти љумљурї ва ба муносибати љашни 90- солагии матбуоти тољик барои хизматњои арзанда, бо "Граммотаи фахрї" и - Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз 07.03.2002, Фармони №24-УК., - бо нишони сарисинагии "Аълочии матбуоти Љумњурии Тољикистон" аз 10.03.2006, Фармони № 7-УК. - барои хизматњои бисерсолаи бенуќсон, тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар њаети љамъиятї дар соњаи маориф бо "Ифтихорнома"- и Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон тибќи фармони № 365 аз 18.03.2009., - барои хизматњои бисерсолаи бенуќсон, тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар њаети љамъиятї бо " Ифтихорномаи фахрї" - и Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 31.08.2009, Фармони №1846., - барои хизматњои бисерсолаи бенуќсон, тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар њаети љамъиятї бо нишони сарисинагии "Аълочии маорифи Xумњурии Тоxикистон" аз 30.09.2009, Фармони № 2170. Дар тули солњои фаъолияти мењнатї бо якчанд Ифтихорномањои Донишгоњи миллии Тољикистон ва дигар соњањо сарфароз гардидааст. F.М.Бобокалонов дорои дониши кофии сиесї, ахлоќу одоби њамидаи инсонї буда, байни донишљўен, њайати омўзгорону кормандони Донишгоњи миллии Тољикистон, факултети њуќуќшиносї ва берун аз он сазовори обрўю эътибори баланд мебошад. |